РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Имрӯз дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии рақс оғоз мегардад

Ноябрь 12, 2024 14:05

ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» оғоз мегардад.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол дар фестивал ансамлбҳои рақсии панҷ давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдова ҳунарнамоӣ менамоянд.

Дар фестивал тамоми дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунари рақсии худро муаррифӣ мекунанд.

Дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ дарси маҳорат баргузор мегардад.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии бештари санъату ҳунари миллӣ баргузор мешавад.

13 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидавии фестивал доир гардида, барои иштироки фаъолона ба ансамблҳои рақсӣ Диплом ва Сипоснома тақдим карда мешавад.

АКС: Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2024 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид