РАВАНДИ ДУШАНБЕ. Бахшида ба конфронси байналмилалӣ бар зидди терроризм дар Кувайт ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба анҷоми муваффақонаи конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии Раванди Душанбе» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҳамоиши пазироии расмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.
Дар пазироии расмӣ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид — сардори Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки 4-5 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои самараноки бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» баргузор гардид.
Конфронс дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Давлати Кувайт доир шуда, идомаи мантиқии «Раванди Душанбе»- аввалин конфронси муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2018 оғоз гардидааст, маҳсуб мешавад.
Конфронсро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал Холид Ал Сабоҳ ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм Владимир Воронков оғоз намуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки конфронс ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар мебахшад.
«Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус байни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд»,- изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори “Раванди Душанбе” бори дигар уҳдадориҳояшро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.
Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронси сатҳи баланди байналмилалиро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд.
Конфронс бо қабули Эъломияи Кувайт оид ба амният ва мудирияти сарҳад, ки нақши муҳими бисёрҷонибаро (мултилатеризм) дар таҳкими амнияти сарҳад ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо аз сарҳад дар саросари ҷаҳон таъкид мекунад, анҷом ёфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






