РАВАНДИ ДУШАНБЕ. Бахшида ба конфронси байналмилалӣ бар зидди терроризм дар Кувайт ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 8, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба анҷоми муваффақонаи конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии Раванди Душанбе» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҳамоиши пазироии расмӣ  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.

Дар пазироии расмӣ  муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид — сардори Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки 4-5 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои самараноки бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» баргузор гардид.

Конфронс дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Давлати Кувайт доир шуда, идомаи мантиқии «Раванди Душанбе»- аввалин конфронси муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2018 оғоз гардидааст, маҳсуб мешавад.

Конфронсро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал Холид Ал Сабоҳ ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм Владимир Воронков оғоз намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки конфронс ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар мебахшад.

«Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус байни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд»,- изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори “Раванди Душанбе” бори дигар уҳдадориҳояшро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронси сатҳи баланди байналмилалиро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд.

Конфронс бо қабули Эъломияи Кувайт оид ба амният ва мудирияти сарҳад, ки нақши муҳими бисёрҷонибаро (мултилатеризм) дар таҳкими амнияти сарҳад ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо аз сарҳад дар саросари ҷаҳон таъкид мекунад, анҷом ёфт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 8, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон нахустин бор ба мақоми Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид
Дар Душанбе рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон мулоқот намуд
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад