Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

Ноябрь 22, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 22.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Дубай мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири иқтисод, ҳамзамон Раиси Мақомоти федералии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Аморотро дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ зарур шуморида, ҳавасмандии худро ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни ҳар ду мамлакат иброз доштанд.

Дар ин замина ҷонибҳо оид ба ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла аҳамияти таҳияи «Харитаи роҳи ҳамкорӣ», татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ташкили форумҳои муштараки соҳибкорӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот, ҳамоҳангсозии иштироки ҳайатҳои расмӣ дар чорабиниҳои соҳавии байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин пешбурди шарикӣ дар соҳаи авиатсия табодули назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Ноябрь 22, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд