«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дар пойтахт фаъолияти аввалин микроавтобусҳои «Foton Toano» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Микроавтобусҳои «Foton Toano» барои 17 мусофир ҷойи нишаст дошта, бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз шудааст, ки метавонад бо як заряд тақрибан 350 километр роҳро тай кунад.
Ба иттилои директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҳмар» Шариф Файзуллоев, дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва Барномаи давлатии «Шаҳри сабз» дар марҳилаи аввал 6 воситаи нақлиёти барқии «Foton Toano» бо ғунҷоиши 17 мусофир ва ронанда ворид гардид. «Инчунин ширкат тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила теъдоди микроавтобусҳои барқиро ба 100 адад расонад», -гуфт ӯ.
Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самаранок дониста мешавад. Ба андешаи мутахассисон, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.
Ба иттилои масъулин, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.
Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат барои тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






