«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд

Ноябрь 8, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дар пойтахт фаъолияти аввалин микроавтобусҳои «Foton Toano» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Микроавтобусҳои «Foton Toano» барои 17 мусофир ҷойи нишаст дошта, бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз шудааст, ки метавонад бо як заряд тақрибан 350 километр роҳро тай кунад.

Ба иттилои директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҳмар» Шариф Файзуллоев, дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва Барномаи давлатии «Шаҳри сабз» дар марҳилаи аввал 6 воситаи нақлиёти барқии «Foton Toano» бо ғунҷоиши 17 мусофир ва ронанда ворид гардид. «Инчунин ширкат тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила теъдоди микроавтобусҳои барқиро ба 100 адад расонад», -гуфт ӯ.

Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самаранок дониста мешавад. Ба андешаи мутахассисон, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.

Ба иттилои масъулин, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.

Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат барои тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷанглазори Тоҷикистон зиёда аз 1182,4 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст
Дар шаҳри Риёз вохӯрии сардорони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир гардид
Ғолибони якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» ҳавасманд гардонида шуданд
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият доранд
ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААНД? Ин масъала дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ. Низоми идораи молияи давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ устувор гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ҶАНГАЛ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026». Дар Тоҷикистон майдони дарахтони мевадиҳанда 592 гектарро ташкил медиҳад
«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст
Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табиии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид