«ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ». Байни сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши ватандӯстона доир шуд

Ноябрь 1, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи телевизионии «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таҳия ва сабт гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Мақсад аз сабти барнома- таҳкими ҳисси меҳанпарастӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон дар роҳи ҳифзи Ватан, шинохти арзишҳои милливу давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба насли калонсол, садоқат ба Ватан ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад. Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он шаҳрвандон миллату давлат ва сарзамини аҷдодиашонро бештар дӯст медоранд. Ҳамчунин фарҳангу таърихи гузаштаро ҳимоя намуда, барои рушди давлат содиқона меҳнат мекунанд.

Бо ин мақсад соли 2022 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба имзо расид, ки дар тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  мақоми ваколатдори давлатӣ муайян гардида,   бо мақсади боз ҳам дуруст ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои идеологӣ барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муҳим меандешад. Баргузории ин чорабиниҳо низ аз ин ҷумла аст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷоя, чунин барномаҳои дорои хусусияти ҳарбӣ-ватандӯстона минбаъд дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ сабт карда мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 1, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид