Ситораҳои футбол бо мухлисони худ дар толорҳои алоқа вохӯрданд

Ноябрь 15, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мизоҷони чор толори алоқаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе имкони мулоқот бо бозингарони дастаи мунтахаби миллиро пайдо намуданд. Як рӯз пас аз пирӯзии барҷаста бар дастаи Непал Зоир Ҷӯрабоев, Амадонӣ Камолов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Рустам Соиров, Парвиз Умарбоев, Рустам Ятимов ва инчунин қаҳрамони мусобиқаи гузашта – нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев, ки ба дарвозаи Непал аз чор ду голашро зада буд, барои мулоқот бо мухлисони худ омаданд. 

«Ин тасаввурнопазир аст! Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки бозигарони тими мунтахабро аз пеш дида, ҳатто бо онҳо акс гирифта метавонам. Худи ҳозир акси бо онҳо гирифтаамро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, бигзор дӯстонам бо ман хурсандӣ кунанд!» – таассуроти худро баён намуд Азамат, мизоҷи толори алоқа дар хиёбони Рӯдакӣ 89.

«Доим орзу мекардам, ки бо ин футболбозон мулоқот намоям. Тарзи бозии Рустам ва Зоир бароям хеле писанд аст, ҳангоми мулоқот бо онҳо ман билохира имкон пайдо намудам, ки ин гапро ба онҳо рӯ ба рӯ бигӯям ва дасташонро фушурам. Ин беҳтарин иқдом, беҳтарин туҳфа барои мухлисони онҳо аст!», – илова намуд Абдулазиз, ки рӯзи иқдом дар толори оператор, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23 меҳмон шуда буд.

Дар ҳар яке аз чор толор сад мизоҷи аввалин аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» туҳфаҳои нодир – тӯбҳои футболро бо соядастҳои бозингарони дастаи мунтахаб ба даст оварданд. Сокинон дигар имконияти гувороро низ фаромӯш нахоҳанд кард: дар толорҳои оператор онҳо имкон доштанд, ки туҳфачаҳои хотиравиро аз оператор ба даст оварда, рақамҳои мақомноки тиллоиро бо тахфифи калон бихаранд.

«Акнун ман рақами аҷоиб бо чорто чор дар охир ва тӯб бо соядасти Шервонӣ Мабатшоев дорам.  Рӯзи басе бобарор шуд!», – бо табассум изҳор дошт яке аз иштирокчиёни иқдом Мадина. Мадина гуфт, ки ӯ бо дӯстонаш пахши мусобиқаҳои футболро бо иштироки Алишер зиёд тамошо мекунад ва мехоҳад бозӣ бо Афғонистонро, ки 19 ноябр доир мешавад, пайгирӣ намояд.

«Имрӯз он қадар чеҳраҳои хушҳолеро дидем, ки барои худ хулоса баровардем: идеяи ташкили вохӯрӣ бо ситораҳои футбол комилан дуруст буд. Мутмаинам, ки акнун сокинони боз ҳам бештари ҷумҳурӣ дастаи мунтахаби моро мухлисӣ намуда, иштирокчиёни ҷавони иқдом касбу кори варзишгариро орзу хоҳанд кард»,- изҳор дошт дар ҷамъбаст директори раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Далер Наимов.

АКС:ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 15, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд