Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 24, 2024 18:46

ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳо, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, аъзои ҳизб, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар фаъолони пойтахт иштирок намуданд.

Дар Майдони парчами давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он Ёрдамчиии Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз чор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери ливои хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят намудааст ва хоҳад кард.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24 ноябр гузаронида мешавад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд мебошад. Ҳамасола сокинони Душанбешаҳр ин рӯзро бо дастовардҳои тозаву муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони мамлакат бо ифтихор ва самимияти хоса таҷлил карда мешавад.

Ҳамзамон 30 августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар он сол бо баландии 165 метр ва паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик мебошад.

Барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки тараннумгари Меҳан, истиқлолият, сулҳ ва ваҳдат буд, чорабиниро хотима бахшид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 24, 2024 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид