Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар шаҳри Ичони вилояти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея бо фаъолияти гармхонаи ҳушманди «Smart Farm Essence» шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.
Зимни шиносои оид ба имконият ва истифодаи технологияҳои ҳушманд барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, амали намудани ин таҷриба дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Инчунин 27 ноябр ҳайати мазкур бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокӣ “Solfood” ва “FB Shinyoung”-и шаҳри Ҳесонги вилояти Канвон-дои Ҷумҳурии Корея шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ аз корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Корея масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоя ва омӯзиши технологияҳои навин баррасӣ шуданд.


Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар нахустин Форуми ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии давлатҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар Сеул иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои густариши ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон бо минтақаҳои Корея баррасӣ шуданд.
Ба иштирокдорон дар бораи имконоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла маълумоти муфассал оид ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






