ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 13, 2024 08:00

13 ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуда, дар он масоили вобаста ба вазъи корҳои таҳқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид.

***

13 ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар ҷодаи ҳолатҳои фавқулода созишнома ба имзо расониданд.

***

13 ноябри соли 2022  зимни сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кулл мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва IBT Коллеҷи Канада оид ба тақвият бахшидани имконоти илмию таҳсилотӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзиши забони англисӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

13 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии нобиноён

***

Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ.

***

Дар Русия — Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ.

 

Ноябрь 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш