ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 16, 2024 08:00

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саҳмияҳои НБО-и «Роғун» ҳарчи зудтар омода шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.

***

12 сол пеш, 16 ноябри  соли 2012 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Борбад»-и пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳи хосса доир шуд.

***

Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил  шуда буд.

***

16 ноябри соли 2018  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти мамлакат мусоидат менамояд, оғоз бахшиданд.

***

16 ноябри соли 2019 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ доир гардид.

***

16 ноябри соли 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид.

***

16 ноябри соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

16 НОЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.

***

Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Юсуфшо Ёқубов — доктори илми таърих (1988), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017).

Ноябрь 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст