ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 17, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеатр ба истифода дода шуд.

***

17 ноябри соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

***

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шуро баргузор гардид.

***

7 сол пеш, 17 ноябри соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот намуданд.

***

17 ноябри соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ намуданд.

***

17 ноябри соли 2020 байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology  Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

***

17 ноябри соли 2021 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 варзишгари тоҷик, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ду медал — 1 тилло ва 1 нуқра ба даст овард.

***

17 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

17 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлол.

***

Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.

***

Дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия.

Ноябрь 17, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст