ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 6, 2024 08:00

6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон  бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор шуд.

***

10 сол пеш, 6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

***

6 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

6 ноябри соли 2021  дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи Суруш» Форуми соҳибкории G5 таҳти унвони «Таърихи муваффақиятҳои соҳибкорони ватанӣ» бо иштироки зиёда аз 700 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд доир шуд.

***

6 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср сафар намуданд.

6 НОЯБР:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Низорамо Зарифова — соли 1923 — ходими давлатӣ ва сиёсӣ.

Ноябрь 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш