ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, панҷшанбе, 312-юмин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 7, 2024 08:00

7 ноябри соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1931 агентии иттилоотии «Хитойи сурх» (ҳоло «Синхуа») таъсис дода шуд.

***

7 ноябри соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

7 ноябри соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.

***

10 сол пеш, 7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масоили васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

7 ноябри соли 2014  Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.

***

7 ноябри соли 2018 масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот намуданд.

***

7 ноябри соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот намуданд.

7 НОЯБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи театри тоҷик.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДАНД:

Воҳид Асрорӣ —соли 1917- фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1977). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954) ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1975).

Ноябрь 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст