Табибони тоҷик зиёда аз 100 амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ гузарониданд

Ноябрь 14, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик давоми беш аз як сол дар зиёда аз 100 бемори гирифтори фарбеҳии вазнашон аз ҳад зиёд амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ ба таври лапораскопӣ ва бе буриши калони шиками бемор гузаронида мешавад, ки ин дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат дастовард ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, тавассути амалиёти бариатрикӣ ҳаҷми узвҳои системаи ҳозима, аз ҷумла меъда хурд карда мешавад. Дар натиҷа вазни зиёдатӣ дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад.

Табиб Фатҳулло Боқиев иброз намуд, ки дар айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиёт мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд ё ба истилоҳи тиббӣ «слив резексия» мебошад. Зимни ин ҷарроҳӣ қисми зиёди меъда бурида гирифта шуда, ҳаҷми истеъмоли хӯрок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки кори системаи ҳозимаро каме дигар мекунад ва ҳаҷми истеъмоли хӯрок кам шуда, мубодилаи он ба меъёр медарояд, низ мавҷуд мебошанд. Пас аз иҷрои ин амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондиҳандаи бемории диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд.

Бо ворид шудани технологияҳои муосир тамоми амалҳое, ки ба пайдоиши чураҳои девораи шикам ва ҳам дохили мавзеъҳои гуногуни шикам (чураҳои сӯрохии сурхрӯдавии диафрагма) вобаста буданд, аз ҷониби мутахассисони марказ бе буриши калон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд