ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар шаҳри Ҳисор 49 ҳолати вайронкунии қонуни танзим ошкор карда шуд

Ноябрь 13, 2024 13:48

ҲИСОР, 13.1.2024 /АМИТ «ХОВАР»/. Давоми даҳ моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор 49 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор ва барои андешидани тадбир ба Суди шаҳри Ҳисор пешниҳод карда шуд. Дар ин хусус мудири бахши танзими ҷашну маросими шаҳри Ҳисор Юсуфалӣ Ҳасан ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар шаҳри Ҳисор комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо фаъолону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи санҷишҳои муштарак бо иштироки аъзои комиссия, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Прокуратураи шаҳр ин қонуншиканиҳо ошкор гардиданд.

Дар даҳ моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор 2936 тӯйи домодию арӯсӣ, 270 маъракаи чилу сол ва 145 маъракаи хатнасури хайриявии кӯдакон сабт гардид. Хушбахтона, камиссияҳои доимамалкунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи вайронкунии қонуни танзимро дар зиёда аз 150 тӯю маърака гирифтанд.

Дар шаҳри Ҳисор гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ташкил гардидаанд, ки мунтазам барои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Намояндагони гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар марҳилаи аввал бо усули «деҳа ба деҳа» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, дар марҳилаи дуюм бо усули «масҷид ба масҷид» бо ходимони дин ва намозгузорон дар мавриди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 13, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд