Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, аъзои Шурои вазирон, фиристодаи Арабистони Саудӣ дар умури иқлим Одил Ал-Ҷубайр вохӯрӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мавзуи обу иқлим яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ мебошад.
Ҷонибҳо ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ намуда, ба роҳ мондани ҳамкории муштаракро барои пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим баррасӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






