Татбиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ва вазъи таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки вазифаҳои асосии Шуро таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳияи пешниҳодҳои мувофиқашуда бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба вазорату идораҳо манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳунармандӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид. Ҳадаф аз ҷудо гардидани ин грантҳо дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор мебошад.
Тибқи ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалисозии Барнома аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:
— дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
— дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
— дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
Бояд тазаккур дод, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, дар онҳо давоми се моҳ аз рӯйи 50 навъи касбу ҳунарҳои миллӣ хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод шудааст. Инчунин дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон сабт шуда, алҳол шумораи онҳо мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ба 112 адад мерасад.
Гулдӯзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (соли 2022), атлас ва адрасбофӣ (соли 2023), зарҳалкорӣ (соли 2023) ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд






