Тавзеҳнома ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №879 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ» ба имзо расид.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви Иттиҳоди зикршуда мебошанд.
Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, созмони мазкур маълумот дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун ва рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро барои ҳифзи махсус пешниҳод менамояд.
Таъсир расонидан, ҳавасманд кардан ва кумак намудан ба ҷомеаи саросари ҷаҳон дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмин намудани истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ — аз ҳадафҳои асосии иттиҳод ба ҳисоб меравад.
Иттиҳоди мазкур мақоми нозири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дошта, дар татбиқи як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хос дорад. Ҳамчунин, дар таъсиси Хазинаи умумиҷаҳонии табиат ва Маркази ҷаҳонии мониторинги ҳифзи табиат бевосита иштирок менамояд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ягона ташкилоти ҷаҳонии дорои фонди махсуси маблағгузории лоиҳаҳое мебошад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир равона шудаанд.
Иттиҳоди мазкур ғайр аз созмонҳои аъзои худ дар таркибаш 6 комиссияи илмӣ ва котиботи соҳавиро муттаҳид намудааст ва дар кори комиссияҳои он беш аз 16 ҳазор олимон ва мутахассисон ба таври ихтиёрӣ иштирок менамоянд.
Шомил шудан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад, аз ҷумла:
— дастрасӣ ба маблағҳои Фонди глобалии экологӣ ва Фонди Иқлими Сабз;
— дастрасӣ ба фонди махсуси набототу ҳайвоноти ба рӯйхати ҷаҳонии сурх шомилшуда.
Ҳамзамон бо ин, иттиҳоди зикргардида ба шарофати таҷрибаи ғании худ дар лоиҳаҳои гуногун дар самти ҳифзи муҳити зист ва табиат дар саросари ҷаҳон дар таҳия ва татбиқи ин лоиҳаҳо низ кумак мерасонад.








Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






