Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи аҳли санъату ҳунари ин кишвар дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллӣ истиқбол гирифта, роҳбаладони муассиса барои онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карданд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо намунаҳои табиати нотакрори мамлакат ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» аз наздик шинос шуданд.
Аҳли санъату ҳунари Ҷумҳурии Беларус аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид






