Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон: «Ҳангоми муомилот бо пули нақд эҳтиёткор бошед!»
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун бобати дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти гуногун ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди мамлакат ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, таъмини устувории низоми бонкии давлат ва тақвияти эътимоди мардум ба пули миллӣ яке аз вазифаҳои бонкҳои марказӣ маҳсуб мешавад. Аммо бо вуҷуди талошу кӯшишҳои пайваста, ки барои таъмини суботи молиявӣ анҷом дода мешаванд, яке аз масъалаҳои доғи низоми молиявӣ барориш ва гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот мебошад.
Имрӯзҳо баъзе ашхос ё гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогоҳро фиреб диҳанд.
Бонки миллӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусияти визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.
Барои пешгирии ин ҳолат муҳим аст шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ — сомонӣ диққат дода шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати пули миллии мамлакатро аз ҳама гуна хатарҳои қалбакӣ муҳофизат намояд. Бо ин мақсад пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст.
Бояд гуфт, ки тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.
Мубориза бо пулҳои қалбакӣ ва пешгирӣ аз истифодаи онҳо на танҳо вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон, балки масъулияти ҳама шаҳрвандон низ мебошад. Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба нишонаҳои муҳофизатии пулҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Тавре дар Бонки миллӣ иттилоъ доданд, дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ё кормандони ин мақомот бояд хабар дода шавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2465 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






