Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Муколамаи сатҳи баланд иштирок намуд

Ноябрь 14, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба пешбурди рӯзномаи кӯҳӣ ва навсозии мавзуи кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷумҳурии кӯҳистон буда, 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Қариб нисфи ҳудуди мамлакатро баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр дар бар мегиранд. Тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз ҳисоби пиряхҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Дар Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор ва Олой ҷойгир буда, қисми шарқии ҷумҳуриро қаторкӯҳҳои Помир ишғол мекунанд. Баландтарин қуллаи Помир – Исмоили Сомонӣ буда, баландиаш 7495 метрро ташкил медиҳад. Дар кӯҳҳои мамлакати мо беш аз 24 қуллаи баландиаш беш аз 6000 метр мавҷуд аст. Ин кӯҳҳо манбаи маъданҳои фоиданок, ҷангалҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, макони пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо мебошанд. 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро пиряхҳо дар бар мегиранд, ки байни онҳо пиряхи Ванҷях машҳур аст.

«Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба раванди ҷаҳонии ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхи барои тамоми минтақа муҳим аз байн рафтааст. Раванди зуд обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва вайроншавии экосистемаи обӣ гардид», – таъкид намуд Вазири энергетика ва захираҳои об.

Иброз гардид, ки равишҳои ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ унсурҳои муҳими рушди минтақаҳои кӯҳии мо, бахусус барои беҳтар намудани шароити иқтисодӣ ва зиндагии сокинони мамлакатҳои кӯҳӣ мебошанд. Тоҷикистон ҳамкории созандаро бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон барои таҳкими бахшҳои ҳаётан муҳим, бахусус муҳити зист ва иқлим идома медиҳад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд