Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар чорабинии канорӣ, ки таҳти унвони «Диверсификатсияи манбаъҳои энергия: суръат бахшидан ба сармоягузории мустақими хориҷии лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданҳо» баргузор шуд, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, Далер Ҷумъа ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян шудааст, ишора намуда, иброз дошт, ки расидан ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика аз рӯйи консепсияи 10/10/10/10 амалӣ мешавад. Тибқи онҳо афзоиши иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетика ба 10 ГВт расонида хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, неруи барқ асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла офтобию бодӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Баргузории чорабинӣ дар пешбурди ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ муҳим мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






