Заминларзаҳо дар Куба боиси ярчфароӣ ва вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ду заминларзаи шадид дар шарқи Куба боиси ярчфароӣ ва вайрон шудани манзилҳои истиқоматию хатҳои интиқоли барқ гардиданд. Ба аҳолии музофотҳои зарардидаи Сантяго-де-Куба ва Гранма тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои кушод бимонанд,- иттилоъ додааст президенти ин давлат Мигел Диас-Канел Бермудес.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» иттилоъ додааст. «Шурои мудофиаи миллӣ бо котибони якуми ҳизб дар музофотҳои Сантяго-де-Куба ва Гранма суҳбат намуд. Мо арзёбии зарарро оғоз менамоем, то тавонем барқарорсозиро шуруъ кунем. Кори аввалин ва аз ҳама муҳим- ин наҷоти ҳаёти одамон аст»,- навиштааст Диас-Канел дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Ба маълумоти зилзилашиносони маҳаллӣ, рӯзи якшанбе дар наздикии соҳили Куба заминларзаҳо бо шиддати 6,0 ва 6,8 дараҷа бо фосилаи як соат ба амал омадаанд. Заминларзаҳо дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол, дар сарҳади қишри тектоникӣ, ки ҷазира ба он ҳамшафат аст, рух додаанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид






