Заминларзаҳо дар Куба боиси ярчфароӣ ва вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ гардиданд

Ноябрь 11, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ду заминларзаи шадид дар шарқи Куба боиси ярчфароӣ ва вайрон шудани манзилҳои истиқоматию хатҳои интиқоли барқ ​​гардиданд. Ба аҳолии музофотҳои зарардидаи Сантяго-де-Куба ва Гранма тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои кушод бимонанд,- иттилоъ додааст президенти ин давлат Мигел Диас-Канел Бермудес.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» иттилоъ додааст. «Шурои мудофиаи миллӣ бо котибони якуми ҳизб дар музофотҳои Сантяго-де-Куба ва Гранма суҳбат намуд. Мо арзёбии зарарро оғоз менамоем, то тавонем барқарорсозиро шуруъ кунем. Кори аввалин ва аз ҳама муҳим- ин наҷоти ҳаёти одамон аст»,- навиштааст Диас-Канел дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).

Ба маълумоти зилзилашиносони маҳаллӣ, рӯзи якшанбе дар наздикии соҳили Куба заминларзаҳо бо шиддати 6,0 ва 6,8 дараҷа бо фосилаи як соат ба амал омадаанд. Заминларзаҳо дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол, дар сарҳади қишри тектоникӣ, ки ҷазира ба он ҳамшафат аст, рух додаанд.

АКС аз бойгонӣ

 

Ноябрь 11, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд