35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 92 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва давоми Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1440 ҷойи нави кор сохта, ба истифода дода шаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми ду соли охир ва 11 моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҷмуъ 94 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.
Давоми ду соли охир дар заминаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест» барои соҳаи саноати вилоят 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Дар айни замон аксар шартномаҳои басташуда амалӣ гардиданд.
Солҳои охир соҳаи саноати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд мешавад. Ин омил барои расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






