Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар». Имрӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти роҳбарии Вазири барномарезӣ, рушди иқтисод ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср Рания Машшот, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавису чопи сангии ниёгон ва давлатдории Сомониён шинос шуданд.
Инчунин бо ёдгориҳои нодири ин давра дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» аз наздик шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






