Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид

Декабрь 4, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар». Имрӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти роҳбарии Вазири барномарезӣ, рушди иқтисод ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср  Рания Машшот, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавису чопи сангии ниёгон ва давлатдории Сомониён шинос шуданд.

Инчунин бо ёдгориҳои нодири ин давра дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори «Туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» аз наздик шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд