Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд

Декабрь 11, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони комиссия –Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баргузор шуд.

Дар ҷаласа масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маълумоти олӣ, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Иброз шуд, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 52,7 миллион долларро ташкил дода, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба 47,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  1,5 миллион доллар ё 3,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» барои рушди ҳамкории ҷумҳуриҳо дар соҳаи энергетика махсусан иброз гардид.

Изҳори итминон шуд, ки кори Комиссия дар рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ва  муносибатҳои судманди ҳарду ҷониб такони ҷиддӣ мебахшад.

Аз ҷониби ҳамраисон Протоколи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон ба имзо расонида шуд.

Дар доираи ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва  Федератсияи футболи Покистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст