Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони комиссия –Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баргузор шуд.
Дар ҷаласа масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маълумоти олӣ, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Иброз шуд, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 52,7 миллион долларро ташкил дода, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба 47,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,5 миллион доллар ё 3,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» барои рушди ҳамкории ҷумҳуриҳо дар соҳаи энергетика махсусан иброз гардид.
Изҳори итминон шуд, ки кори Комиссия дар рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ва муносибатҳои судманди ҳарду ҷониб такони ҷиддӣ мебахшад.
Аз ҷониби ҳамраисон Протоколи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Покистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






