Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Беларус Владимир Наумович ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласа бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва бахши хусусӣ аз ҳарду ҷониб доир шуда, дар он иброз гардид, ки таъсиси механизми ин ҳамкорӣ босамар мебошад. Ҳадафи асосии он тақвияти робитаҳои иқтисодии мамлакат ва муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии Ҷумҳурии Беларус дониста мешавад.
Дар доираи вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни ҷонибҳо муаррифӣ ва муҳокима гардида, вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ иқдоми минбаъда баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷонибҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ тариқи рӯнамо муаррифӣ шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






