Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус доир гардид

Декабрь 9, 2024 14:12

ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Фаррух Юсуфзода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Беларус Владимир Наумович ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласа бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва бахши хусусӣ аз ҳарду ҷониб доир шуда, дар он иброз гардид, ки таъсиси механизми ин ҳамкорӣ босамар мебошад. Ҳадафи асосии он тақвияти робитаҳои иқтисодии мамлакат ва муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии Ҷумҳурии Беларус дониста мешавад.

Дар доираи вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни ҷонибҳо муаррифӣ ва муҳокима гардида, вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ иқдоми минбаъда баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷонибҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ тариқи рӯнамо муаррифӣ шуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2024 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд