Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказӣ хабар доданд, дар ҷаласа Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот тасдиқ гардид, ки он масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ дар бар гирифтааст.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Коммисияи марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа якчанд санадҳои дастурӣ барои комиссияҳои поёнии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамалҳои намунавӣ барои комиссияҳои интихоботии вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, аз ҷумла «Дастурамали Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамали Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳои бо роҳи худпешбарӣ пешниҳодшуда» ва ғайра баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои раванди интихобот ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 таъйин гардидааст. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






