Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият меёбад

Декабрь 18, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об 17 декабр дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи навтаъйини доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои об намояндаи навтаъйинро бо вазъи кунунӣ, афзалияти соҳаи энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ шинос намуда, аҳамияти ҳамкории Бонки Осиёии рушдро дар рушди ин бахшҳо таъкид намуд.

Ко Сакамото барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои рушди энергетика ва идоракунии самараноки захираҳои об изҳори омодагӣ намуд.

Ҷонибҳо бобати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд