Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оғоз гардид, ки дар он ҷавонони гуногункасби Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи дуюми Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ҷавонон дар бахшҳои алоҳида баромад карданд.
Дар ин бахшҳо ҷавонони тоҷик оид ба имконияти илмомӯзӣ, шароити таҳсил ва дигар дастгириҳое, ки барои онҳо дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, маъруза намуданд.
Ҳамзамон дар бахши саноати эҷодӣ (мӯд, дизайн, графика, филм ё аниматсия) гӯшаи ҳунарҳои Тоҷикистон ташкил гардида, нақшу нигори фарҳанги мардумии тоҷик намоиш дода шуд.
Мақсади ин бахши форум дар баробари омӯхтани расму ҳунарҳои давлатҳо инчунин тарғиб ва омӯзиши ҳунарҳои ниёгон маънидод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон то 6 декабр идома меёбад. Ҷавонон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, саноати эҷодӣ (мӯд, дизайни графикӣ, филм ё аниматсия), дар самти илм ва навозандагии классикӣ табодули таҷриба менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






