Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Казинформ».
Ба ҷойи суқути ҳавопаймо ба Актау 52 нафар аз ҳайати шахсӣ ва 11 техникаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон фавран расиданд. Ҳангоми расидан ба ҷойи ҳодиса маълум шуд, ки ҳавопаймо оташ гирифтааст. Воҳидҳои наҷот ба хомӯш кардани сӯхтор шуруъ намуданд.
Дар айни замон маълумот дар бораи зарардидагон мушаххас карда мешавад. Тибқи иттилои пешакӣ, наҷотёфтагон низ ҳастанд.
Вазорати нақлиёти Қазоқистон хабар додааст, ки ҳавопаймое, ки бо хатсайри «Боку-Грозний» парвоз мекард, ба ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон- Azerbaijan Airlines тааллуқ доштааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






