Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст

Декабрь 2, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода зимни баргузории ҳамоиш бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои сармоягузорию саноатии Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ дод.

Фаррух Юсуфзода иброз дошт, ки бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи ҷалби сармоя ва содагардонии воридшавӣ ба иқтисодиёти мамлакат мунтазам ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод» амалӣ мегардад.

«Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасу сода гардонидани расмиёти маъмурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад. Хусусан дар доираи ислоҳоти гузаронида фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакати мо ба таври электронӣ ва ройгон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти соҳибкорӣ дар 24 соат ба таври ғайринақдӣ ва электронӣ сабт мешавад. Инчунин ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории татбиқкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ самти дигари ислоҳот дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,-афзуд мавсуф.

Таъкид шуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» барои сармоягузорони хориҷӣ кафолатҳо ва шароити мусоиди фаъолият дода мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромад бо асъори хориҷии дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ба дастовардаро доранд ва бобати анҷом додани дигар амалиёти асъорӣ ба онҳо кафолати қонунӣ пешбинӣ гардидааст.


Зимни баргузории ҳамоиш иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир рушди соҳибкорию сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодии ҳар кишвар ба ҳисоб рафта, дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳам овардани шароити мусоид дар сиёсати иқтисодии бисёр давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон афзалият дорад.

«Мо манфиатдорем, ки байни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла соҳибкорони музофоти Синзсян робитаҳои мутақобили судмандро тақвият  диҳем. Боварӣ дорам, ки тақвияти ин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати ҳарду давлат мебошад»,-баён дошт Фаррух Юсуфзода.

Бояд гуфт, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, имкон медиҳад, ки пайвандгари давлатҳо дар минтақа гардад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои муосир барои истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ба мамлакати транзитӣ табдил додани он ва таъмини сатҳи баланди некӯаҳволии сокинони мамлакат, инчунин тавсеаи имконияти шуғли онҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи афзалияти ҷумҳурӣ  мебошанд.


Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи устувории вазъи сиёсӣ, беҳтар шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзудани талаботи бозори дохилӣ, таҳкими иқтидори зеҳниву инсонӣ ва бо назардошти татбиқшавии тадбирҳои ислоҳотӣ дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз марҳилаи басе муҳим дар самти фароҳамоварии шароити мусоиди пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мегузарад.

Ба ширкатҳои чинӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад. Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ҷонибдории дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварда, ба ҳамкории фаъоли ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи обу энергетика, инчунин амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар ҳошияи он якчанд санад ба маблағи 536 миллион доллар дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва сохтмон ба имзо расонида шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба татбиқи он ҷаласа доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ иштирок намуд
Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар Женева тарғиб мегардад
«АГРО ЛАБ». Дар вилояти Хатлон Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт
«Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкории молиявиро густариш медиҳанд
Дар ҳошияи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон тарғиб карда мешаванд
Дар Душанбе ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?