Ба иқтисодиёти вилояти Суғд 320,8 миллион доллари ИМА сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид

Декабрь 28, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 28.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 320,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид, ки баробари 119,1 фоизи ҳаҷми сармоягузории ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин давра ба маблағи 248,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 72,5 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шуд.

Ҳамзамон моҳҳои январ-сентябри соли равон воридоти сармояи мустақим ба маблағи 141,1 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 64,2 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан 133,8 ва 151,6 фоиз мебошад.

Мувофиқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дар вилоят 18 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 28, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд