Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
ТУРСУНЗОДА, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки сокинону фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи сиёсати инсонпарварона ва иқдому ибтикороти хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод, муҳокима ва қабул гардида, инчунин такмил ёфта, давоми 17 соли амал тамоми расму оин ва анъанаҳои серхарҷи мардумиро ба чаҳорчӯбаи муайян дохил намуд. Қонуни танзим пурра ба манфиати ҷомеа нигаронида шуда, ҳадаф аз қабули он таъмини баробарии иҷтимоӣ, пешгирии маъракаҳои серхарҷ, инчунин рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Дар ҳамоиш масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, фолбиниву ҷодугарӣ, мардумфиребӣ, таълими ғайриқонунии динӣ ва дигар мавзуъҳои марбут ба ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Гуфта шуд, ки ҷаҳолату нодонӣ ва бесаводӣ дар тинати инсонҳо боиси рӯ овардан ба хурофот гардида, оқибат онҳоро ба самти ҷинояту ҷинояткорӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб мебарад. Амалҳои даҳшатноки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва мардумфиребии шахсони ҷоҳилу нодон, ки садҳо нафарро ба доми фиреби хеш меафтонанд, далели возеҳи дур шудан аз воқеияти зиндагӣ ва паст будани ахлоқу маърифати чунин нафарон аст.
Таъкид шуд, ки танҳо омӯзиши донишҳои замонавӣ, ҳамқадамӣ бо замон, доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад пеши роҳи чунин амалу одатҳои номатлубро бигирад.
Бо вуҷуди пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои доимамалкунандаи маҳаллӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар миқёси ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд. Барои риояи принсипҳои ин қонун ва ба ҳадди ақалл расонидани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт огоҳии бештари мардум аз талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зарур мебошад.
Аз ин рӯ мақомоти ваколатдори давлатиро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро зиёд намуда, мазмуну моҳият ва оқибати чунин ҳуқуқвайронкуниҳоро ба мардум дурусту дақиқ шарҳ диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






