Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд

Декабрь 1, 2024 12:00

ТУРСУНЗОДА, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани  соли 2024 ва  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки сокинону фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар доираи сиёсати инсонпарварона ва иқдому ибтикороти хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод, муҳокима ва қабул гардида, инчунин такмил ёфта, давоми 17 соли амал тамоми расму оин ва анъанаҳои серхарҷи мардумиро ба чаҳорчӯбаи муайян дохил намуд. Қонуни танзим пурра ба манфиати ҷомеа нигаронида шуда, ҳадаф аз қабули он таъмини баробарии иҷтимоӣ, пешгирии маъракаҳои серхарҷ, инчунин рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Дар ҳамоиш масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, фолбиниву ҷодугарӣ, мардумфиребӣ, таълими ғайриқонунии динӣ ва дигар мавзуъҳои марбут ба ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Гуфта шуд, ки ҷаҳолату нодонӣ ва бесаводӣ дар тинати инсонҳо боиси рӯ овардан ба хурофот гардида, оқибат онҳоро ба самти ҷинояту ҷинояткорӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб мебарад. Амалҳои даҳшатноки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва мардумфиребии шахсони ҷоҳилу нодон, ки садҳо нафарро ба доми фиреби хеш меафтонанд, далели возеҳи дур шудан аз воқеияти зиндагӣ ва паст будани ахлоқу маърифати чунин нафарон аст.

Таъкид шуд, ки танҳо омӯзиши донишҳои замонавӣ, ҳамқадамӣ бо замон, доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҳар  шаҳрванди мамлакат метавонад пеши роҳи чунин амалу одатҳои номатлубро бигирад.

Бо вуҷуди пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои доимамалкунандаи маҳаллӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар миқёси ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд. Барои риояи принсипҳои ин қонун ва ба ҳадди ақалл расонидани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт огоҳии бештари мардум аз талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зарур мебошад.

Аз ин рӯ мақомоти ваколатдори давлатиро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро зиёд намуда, мазмуну моҳият ва оқибати чунин ҳуқуқвайронкуниҳоро ба мардум дурусту дақиқ шарҳ диҳанд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 1, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ҷашни Сада конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид
Дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат муҳлат додааст
Ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти боркортаъминшавӣ» доир гардид
Дар доираи «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» соҳаи тандурустии Тоҷикистон пурра рақамӣ мегардад
ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?
САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид