Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд

Декабрь 11, 2024 16:28

РӮДАКӢ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони  «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми фаъолият таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи сиёсии қавӣ ва пешбару роҳнамо табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократию ҳуқуқбунёд ва пешрафту ободии Ватан саҳми шоиста дорад».

Рисолат ва мазмуну моҳияти фаъолияти ҳизбро рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, вусъати созандагию бунёдкорӣ ва таъмини саодати мардум ташкил медиҳанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат пешоҳанги раванди созандагию бунёдкорӣ, рушду шукуфоӣ ва қувваи бузурги ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Давоми 30 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мамлакат сулҳу амният фароҳам гардида, сокинон ба пешрафти босуботи давлат эътимоди зиёд доранд.

Маҳз ҳадафҳои неки ин ҳизби тавоно буд, ки боварии мардум ба сиёсати давлат рӯз аз рӯз афзун мегардад. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги ин сарзамин меҳру ихлос ва садоқатро афзун намуд. Имрӯз тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  зери ин сиёсат муттаҳид гардида, барои ватандӯстию ватансозӣ, ободию созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош доранд.

Дастгирии ҷавонони мамлакат низ дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи Рӯдакӣ шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон сол аз сол зиёд мешавад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як зумра аъзои фаъоли ҳизб барои хизматҳои арзишманд, фаъолияти пурсамар ва мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои муосири таблиғотию ташвиқотӣ вобаста ба таҳким бахшидани маърифати сиёсии ҷомеа бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 11, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад