Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
РӮДАКӢ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми фаъолият таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи сиёсии қавӣ ва пешбару роҳнамо табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократию ҳуқуқбунёд ва пешрафту ободии Ватан саҳми шоиста дорад».
Рисолат ва мазмуну моҳияти фаъолияти ҳизбро рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, вусъати созандагию бунёдкорӣ ва таъмини саодати мардум ташкил медиҳанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат пешоҳанги раванди созандагию бунёдкорӣ, рушду шукуфоӣ ва қувваи бузурги ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Давоми 30 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мамлакат сулҳу амният фароҳам гардида, сокинон ба пешрафти босуботи давлат эътимоди зиёд доранд.
Маҳз ҳадафҳои неки ин ҳизби тавоно буд, ки боварии мардум ба сиёсати давлат рӯз аз рӯз афзун мегардад. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги ин сарзамин меҳру ихлос ва садоқатро афзун намуд. Имрӯз тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб зери ин сиёсат муттаҳид гардида, барои ватандӯстию ватансозӣ, ободию созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош доранд.
Дастгирии ҷавонони мамлакат низ дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи Рӯдакӣ шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон сол аз сол зиёд мешавад.
Дар ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як зумра аъзои фаъоли ҳизб барои хизматҳои арзишманд, фаъолияти пурсамар ва мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои муосири таблиғотию ташвиқотӣ вобаста ба таҳким бахшидани маърифати сиёсии ҷомеа бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






