Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 11, 2024 18:00

ВОСЕЪ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.

Иброз гардид, ки давоми 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит сохт, ки комилан мардумӣ буда, барои зиндагии шоистаи мардум хизмат мекунад. Воқеан, имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҷомеа ҳамчун ҳизби ормонҳои миллӣ, таҳкимбахшандаи сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкору созанда, тамаддунофар ва эҳёгар мешиносанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода изҳор дошт, ки «марому мақсади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию иҷтимоӣ буда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, фароҳам овардани зиндагии босаодати мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон давоми 30 соли фаъолият пайваста талош намуд ва ин раванд боз ҳам идома дорад».

Фаъолияти созандаи ҳизб ба сиёсати хирадмандонаи бунёдгузори он- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфтааст, ки имсол 30-солагии ин ҳизби созанда ва бунёдкор бо шукуҳи тоза ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Декабрь 11, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд