Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо раиси Бонки марказии ин мамлакат Холид Муҳаммад Балама баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ дар самти назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, асъори рақамӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин тарафҳо барои баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо мақсади табодули таҷриба доир ба масъалаҳои гуфташуда ба мувофиқа расиданд.
Дар ин замина ҷонибҳо «Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Бонки миллии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
Ин санад метавонад ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии мамлакатҳо, табодули таҷрибаю дониш ва оғози самтҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






