Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳ қаллобон аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд.
Ба иттилои Бонки миллӣ, ин эълонҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумоти шахсии худ: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфиеро, ки тавассути СМС-паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед.
Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред. Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии шумо танҳо дар дасти шумо аст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






