Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»

Декабрь 2, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳ қаллобон аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, ин эълонҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумоти шахсии худ: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфиеро, ки тавассути СМС-паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед.

Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред. Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии шумо танҳо дар дасти шумо аст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»