Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои сармутахассисон (муҳандисони заминсоз)-и ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар мавзуи «Сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғулияти сайёри такмили ихтисос ҷамъбаст гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машғулият мавзуъҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатии бехатарии озуқаворӣ, ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ташхиси бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва амсоли инҳо пешкаши шунавандагон гардиданд.
Ҳамзамон барои шунавандагон вобаста ба мавзуъҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчиёни давлатӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ машғулият гузаронида шуд.
Дар фарҷоми машғулият дар мавзуи «Сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки устодон ва мутахассисони соҳа ҳамоиш доир шуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






