Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд

Декабрь 4, 2024 08:38

ХОРУҒ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони қисми 16-уми шуъбаи Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз он дар бозори «20-солагии Истиқлол»-и шаҳр санҷиш гузаронида, бо соҳибкорону тоҷирон доир ба пешгирӣ аз сӯхтор дар фасли зимистон мулоқоту суҳбат намуданд.

«Бо фаро расидани фасли сармо истифода аз таҷҳизоти мухталифи барқӣ, ҳамчунин ҳезуму ангиштсанг бамаротиб афзуда, эҳтимоли ба амал омадани сӯхтор низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ мутахассисони шуъба дар идораю муассисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машқҳои тактикӣ мегузаронанд», — гуфт муовини сардори қисми 16-уми шуъбаи Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ Абдураҳмон Мулкамонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Чунин корҳои фаҳмондаҳӣ дар бозори «20-солагии Истиқлол»-и шаҳр доир шуда, вазъи омодагӣ ба фасли зимистон дар марказҳои калони тиҷоратӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ, мағозаҳо ва  ошхонаю  дӯконҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Сабаби аслии аксар ҳодисаҳои сӯхтор дар бозору марказҳои тиҷоратӣ истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии маъмулӣ, худсохт ва  ноқилҳои кӯҳнаву фарсуда дар фасли сармо мебошад.

Ҳангоми баргузории санҷиш якчанд камбудиҳо  ошкор карда шуданд. Ба соҳибони марказҳои тиҷоратӣ, мағозаю  дӯконҳо ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат камбудиҳоро бартараф кунанд, баръакси ҳол ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин бо соҳибкорону тоҷирон вобаста ба пайомадҳои нохуш доштани чунин амалҳои худсарона суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.

«Нисбат ба баъзе соҳибони марказҳои тиҷоратӣ, ки сарфи назар аз ҳушдорҳои мунтазам талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро боз вайрон мекарданд, аз тарафи мутахассисони шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ санадҳои ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардид»,-гуфт Абдураҳмон Мулкамонзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад