Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология» дастгоҳҳои пармагарӣ харида шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин саридора хабар доданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки соли 2024 маротибаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Атласи равандҳои экзогенӣ-геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тартиб дода шуд.
Дар атлас тамоми маълумоти марбут ба равандҳои хатарноки геологӣ оварда шудааст. Атлас харитаҳои хатарҳои марбут ба тарма ва пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Точикистон, харакатҳои хавфноки гравитатсионӣ дар нишебиҳо, аз ҷумла ярчҳо, сангрезишҳо, паҳншавии равандҳои сел ва эрозия, ҳавзаҳои дарёҳо, харитаи осебпазирӣ аз ярчҳо ва харитаи умумии равандҳои экзогении геологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Иброз шуд, ки дастоварди назарраси соҳаи геология дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳия ва қабули 4 барномаи давлатӣ мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд.


Саридора барои амалӣ намудани бандҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» оид ба таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр намудани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳим меандешад.
«Соли равон дар доираи татбиқи ин барнома ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгоҳҳои замонавии пармагарӣ харида шуд»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.
Ёдовар мешавем, ки 9 декабри соли 2011 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз таҷдиду навсозӣ Осорхонаи геологии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ҳамин рӯз аввалин маротиба Пешвои миллат бо кормандони соҳа вохӯрӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки 9 декабр ҳамчун Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шавад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






